Шоми имрӯз бархе аз ҷодаҳои пойтахт баста мешавад
Душанбе, 24.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шоми имрӯз шурӯъ аз соати 17:00 то 20:00 дар иртибот ба баргузории роҳпаймоии идонаи сокинони Душанбе бархе аз ҷодаҳои пойтахт, ки ба самти Майдони Парчами миллӣ пайвастаанд, муваққатан баста шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар онҳо қатъ ва маҳдуд мешавад.
Ба иттиллои Зиёратшо Хушов-муовини сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии /БДА/ Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт имрӯз аз соати 17:00 то 20:00 дар хиёбони Рӯдакӣ (аз назди «Кохи Ваҳдат» то чорроҳаи Бухоро /Хонаи матбуот/, хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз гардиши хиёбони Абӯалӣ ибни Сино), кӯчаҳои Шероз, Шоҳтемур/Боғи Рӯдакӣ/, кӯчаи Теҳрон /Майдони Дӯстӣ/ ва Фотеҳ Ниёзӣ муваққатан қатъ мешавад.
Зиёратшо Хушов афзуд, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт имкон доранд тавассути кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳилоли Аҳмар, Фотеҳ Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Шоҳтемур, Рӯдакӣ, Шевченко ва Бухоро ҳаркат намоянд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз 24 ноябр ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ дар Майдони Парчами миллӣ барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва роҳпаймоии идонаи беш аз 8- ҳазорнафараи сокинони Душанбе баргузор мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






