«Сипоснома» барои рушди футбол
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ Ховар, Муқаддас Темурзода). -Аз ҷониби Федератсияи футболи шаҳри Душанбе 17 ноябри соли равон ба вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода барои иштироки фаъолона ва дастгириву ғамхорӣ дар рушди соҳаи варзиш, бахусус футбол «Сипоснома» тақдим шуд.Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, онро ноиби Президенти Федератсияи футбол Увайдо Давлатбеков супорида, иброз дошт, ки дар солҳои охир тимҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ ҳам дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд, ки ин аз дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳадБояд ёдовар шуд, ки ҳафтаи гузашта дастаи футболи калонсолон, синнашон аз 40 болои дастгоҳи марказии ВКД дар чемпионати шаҳри Душанбе оид ба футбол сазовори ҷойи аввал гардид.Дар партави дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи футбол бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ имрӯз варзишгоҳи «Спитамен»-и вазорат барои кӯдакону наврасон ройгон хизмат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






