«СМЕК» дар лоиҳаҳои бузургҳаҷми Тоҷикистон иштироки фаъолона дорад
Душанбе, 19.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Сафири нави фавқулода ва мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пол Эндрю Майлер дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии рисолати ман ба ҳайси сафир таҳкими бештари ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Австралия дар самти мубориза алайҳи терроризм мебошад. Талошҳои худро мо инчунин дар самти мубориза алайҳи он падидаҳои номатлубе, ки имрӯз дар баъзе кишварҳо хуруҷ ёфтаанд, идома хоҳем дод.
Ба рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳем кард. Имрӯз яке аз ширкатҳои бонуфузи кишвари мо бо номи «СМЕК» дар лоиҳаҳои бузургҳаҷми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок дорад ва мо тасмим гирифтаем, ки ҳамкориҳоро минбаъд ҳам идома диҳем.
Барои роҳандозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаҳаҷм низ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ мекунем. Татбиқи чунин лоиҳаҳои хурдҳаҷм ба баъзе лоиҳаҳои мушаххасе, ки кишвари мо дар парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асал дар Тоҷикистон кумак мекунад, робита дорад.
Пол Эндрю Майлер аз анъанаҳои дӯстии ду кишвар ёдовар шуда, зикр намуд, ки ҳатман аз чунин имконият ва меҳмоннавозиву пазироии мардуми тоҷик шарафманд мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






