Соҳибкорони Туркия ҷонибдори ҳамкорӣ бо Тоҷикистонанд

Ноябрь 28, 2014 16:20

Душанбе,  28.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 27  ноябр  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  гурӯҳи  соҳибкорони  бахши  тиҷорат  ва  индустрияи сохтмони  Туркияро  бо  роҳбарии раиси   ширкати  «ТАТСИАД» дар  Тоҷикистон  Қодир  Ҷамол  Ғурса  ба  ҳузур  пазируфт.
«Мо   барои  рушди  минбаъдаи  ҳамкории  дуҷониба,  густариши  ҳаҷми  муомилоти  мол  ва   афзоиши  сармояҳои Туркия  барои тараққии иқтисодиёти  Тоҷикистон  бояд  ҳамаи  имконотро  истифода  намоем»,  —  гуфт  Шариф  Саид. 
«Имрӯз умури тиҷорати  Туркия  ба татбиқи  лоиҳаҳои   авлавиятдори  миллӣ дар  бахшҳои  саноат,  сохтмон, сайёҳӣ  ва  маорифи  Тоҷикистон манфиатдор  аст», —  зикр  намуд Қодир  Ҷамол  Ғурса. 
Соҳибкорони  Туркия  аз  фаъолияти   ширкатҳояшон ва  имкониятҳои   ҳамкории тоҷирон  дар бахши  сохтмон,  бунёди  корхонаҳои   муштараки  истеҳсолӣ ва аз  Туркия  ба  Тоҷикистон ворид  намудани  таҷҳизоту  технологияҳо  сухан  карда,  иброз  доштанд, ки хоҳони  иҷрои   кори  муштарак  дар  бахши  сохтмони  манзил  ва  иншоотҳои  шаҳрвандӣ мебошанд.
Дар  ин  бора  аз  ПСС  ҶТ хабар  доданд.

Ноябрь 28, 2014 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад