Соҳибкорони Туркия ҷонибдори ҳамкорӣ бо Тоҷикистонанд
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 27 ноябр раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид гурӯҳи соҳибкорони бахши тиҷорат ва индустрияи сохтмони Туркияро бо роҳбарии раиси ширкати «ТАТСИАД» дар Тоҷикистон Қодир Ҷамол Ғурса ба ҳузур пазируфт.
«Мо барои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, густариши ҳаҷми муомилоти мол ва афзоиши сармояҳои Туркия барои тараққии иқтисодиёти Тоҷикистон бояд ҳамаи имконотро истифода намоем», — гуфт Шариф Саид.
«Имрӯз умури тиҷорати Туркия ба татбиқи лоиҳаҳои авлавиятдори миллӣ дар бахшҳои саноат, сохтмон, сайёҳӣ ва маорифи Тоҷикистон манфиатдор аст», — зикр намуд Қодир Ҷамол Ғурса.
Соҳибкорони Туркия аз фаъолияти ширкатҳояшон ва имкониятҳои ҳамкории тоҷирон дар бахши сохтмон, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва аз Туркия ба Тоҷикистон ворид намудани таҷҳизоту технологияҳо сухан карда, иброз доштанд, ки хоҳони иҷрои кори муштарак дар бахши сохтмони манзил ва иншоотҳои шаҳрвандӣ мебошанд.
Дар ин бора аз ПСС ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






