Суғд: қариб 3000 километр роҳ таъмир гардид
Душанбе, 29.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- То моҳи ноябри соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд 2826,4 километр роҳ таъмиру таҷдид шуд, ки ба 120,2 дарсади нақшаи барномаи «Соли 2014 — соли роҳҳои обод» дар вилоят баробар аст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар қаламрави вилоят 8130,5 километр роҳҳои мошингард мавҷуд буда, ҳолати техникии беш аз 6 ҳазор километр роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Дар доираи барномаи мазкур дар вилоят 2826,4 километр роҳҳо таъмир ва тармим шуданд, аз ҷумла 173,7 километр роҳ таъмири асосӣ, 1332,2 километр таъмири ҷорӣ ва 1320, 3 километр шағалпӯш шудааст. Дарозии роҳҳои пурра мумфаршуда нисбат ба соли 2013, 2,8 маротиба зиёд аст.
Аз 173,7 км роҳҳои аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 42,7 км бо маблағузорӣ аз буҷети вилоят, аз ҷумла 13,5 км роҳи автомобилгарди Зафаробод-Уяс-Истаравшан пурра навсозӣ шуд. Барои таъмири роҳҳои боқимонда, маблағҳои зарурӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард ва соҳибкорон ҷудо шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






