Суқути чархбол дар кишвари Ставропол

Ноябрь 13, 2014 16:29

Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-  Дар Испания барои ришвахӯрӣ беш аз 30 нафар боздошт гардид. Гуфта мешавад, ки амалиёти мазкурро  прокуратураи генералии Испания бар уҳда гирифта, як гурӯҳро бо  номи «Стрела» таъсис додааст. Мувофиқи иттилои расида, фасодкорӣ  дар тамоми Испания роҳандозӣ шуда, ба он  шахсони воломақоми давлатӣ низ шомиланд. Як шахси дастгиршуда узви ҳизби ҳукмрон Франсиско Гранадус мебошад. Номбурда дар солҳои пеш ҳамчун шахси дуввум дар ҳукумати шаҳри Мадрид фаъолият дошт. 
      Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар қисми шимолии Миср ҷинояткорони номаълум мошини ҳомили таҷҳизоти таркандаро дар назди яке аз тарабхонаҳо  инфиҷор доданд ва  таркиш ба амал омад. Бар асари ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар  маҷрӯҳ шуд. То кунун масъулияти ҳодисаро ягон шахс ё гурӯҳ бар уҳда  нагирифтааст. 
     Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар Швейтсария бо эътино ба оқибатҳои офати табиӣ вазъияти фавқулода эълон шудааст. Аз сабаби боришоти зиёди борон обхезии шадид  ба амал омадааст. Обхезӣ ба яке аз беморхонаҳои маҳаллӣ таҳдид дошта, беморон ба дармонгоҳҳои дигар таҳвил дода шудаанд. Бояд гуфт, ки дар минтақаҳои хатарнок кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва фавқулода дар ҳолати омодабош қарор доранд.
       Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар пойтахти Полша — шаҳри Варшава ҳангоми таҷлили рӯзи  Истиқолияти давлатӣ дар байни иштирокдорони  чорабинӣ ва кормандони мақомоти полис задухӯрд ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 50 нафар сокини кишвар захмӣ шуд. Гуфта мешавад, ки кормандони полис  бо мақсади пароканда сохтани иштирокдорони бетартибиҳо аз гази ашковар, оби фишораш баланд ва воситаҳои дигар истифода бурданд.
      Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар як шаҳри кишвари Ставрополи Федератсияи Русия  чархболи тамғаи «Ка-32» ҳангоми иҷрои парвози машқҳои таълимӣ ба таври садамавӣ фуруд омада, баъдан оташ гирифтааст. Гуфта мешавад, ки дар дохили чархбол 5 нафар қарор дошт. Дар пайи ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расида, 4-тани дигар ҷароҳат бардошт. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи махсус фаъолият дошта, сабаби ба фалокат дучор омадани чархболро муайян менамояд.

Ноябрь 13, 2014 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад