Суқути чархбол дар кишвари Ставропол
Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дар Испания барои ришвахӯрӣ беш аз 30 нафар боздошт гардид. Гуфта мешавад, ки амалиёти мазкурро прокуратураи генералии Испания бар уҳда гирифта, як гурӯҳро бо номи «Стрела» таъсис додааст. Мувофиқи иттилои расида, фасодкорӣ дар тамоми Испания роҳандозӣ шуда, ба он шахсони воломақоми давлатӣ низ шомиланд. Як шахси дастгиршуда узви ҳизби ҳукмрон Франсиско Гранадус мебошад. Номбурда дар солҳои пеш ҳамчун шахси дуввум дар ҳукумати шаҳри Мадрид фаъолият дошт.
Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар қисми шимолии Миср ҷинояткорони номаълум мошини ҳомили таҷҳизоти таркандаро дар назди яке аз тарабхонаҳо инфиҷор доданд ва таркиш ба амал омад. Бар асари ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар маҷрӯҳ шуд. То кунун масъулияти ҳодисаро ягон шахс ё гурӯҳ бар уҳда нагирифтааст.
Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар Швейтсария бо эътино ба оқибатҳои офати табиӣ вазъияти фавқулода эълон шудааст. Аз сабаби боришоти зиёди борон обхезии шадид ба амал омадааст. Обхезӣ ба яке аз беморхонаҳои маҳаллӣ таҳдид дошта, беморон ба дармонгоҳҳои дигар таҳвил дода шудаанд. Бояд гуфт, ки дар минтақаҳои хатарнок кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва фавқулода дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар пойтахти Полша — шаҳри Варшава ҳангоми таҷлили рӯзи Истиқолияти давлатӣ дар байни иштирокдорони чорабинӣ ва кормандони мақомоти полис задухӯрд ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 50 нафар сокини кишвар захмӣ шуд. Гуфта мешавад, ки кормандони полис бо мақсади пароканда сохтани иштирокдорони бетартибиҳо аз гази ашковар, оби фишораш баланд ва воситаҳои дигар истифода бурданд.
Душанбе,13.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар як шаҳри кишвари Ставрополи Федератсияи Русия чархболи тамғаи «Ка-32» ҳангоми иҷрои парвози машқҳои таълимӣ ба таври садамавӣ фуруд омада, баъдан оташ гирифтааст. Гуфта мешавад, ки дар дохили чархбол 5 нафар қарор дошт. Дар пайи ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расида, 4-тани дигар ҷароҳат бардошт. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи махсус фаъолият дошта, сабаби ба фалокат дучор омадани чархболро муайян менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






