Тағйирнопазирии тамомияти арзӣ-муҳимтарин омили ташаккули давлати миллӣ
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Қабули Конститутсия аз рӯзҳои аввал дар назди давлату миллати мо вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ ва низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд. Ин нуктаро 5 ноябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Вай афзуд, ки яке аз вазифаҳои муҳими таърихиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву сиёсии Конститутсия дар он муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки ин меъёри конститутсионӣ барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва рушди Тоҷикистон ҳамчун як давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард.
«Дар доираи Конститутсия эътироф гардидани тағйирнопазир будани тамомияти арзӣ ҳамчун муҳимтарин принсипи ташаккули давлати миллӣ барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комил замина гузошт», — таъкид намуд Э. Раҳмон.
Ба таъкиди Президент дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, кишвари моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






