Тақвияти ҳамкории Португалияю Тоҷикистон- вазифаи меҳварии сафир
Душанбе, 19.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш дар назди намояндагони васоити ахбори омма изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Португалия дар қатори аввалин кишварҳое буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ба расмият шинохт ва аз ҳамон лаҳзаҳо муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Португалия тақвияти бештар касб намуданд.Дипломати португалӣ зикр намуд: «Бароям мояи ифтихор аст, ки аз номи гурӯҳи кишварҳои муаррификунандаи Иттиҳоди Аврупо, Дания, Словения, инчунин Португалия, алалхусус Иттиҳоди Аврупо, ки дар ин кишвар зимни татбиқи рисолати худ ба ҳайси сафир арзиш, фарҳанг ва сабку усули ҳаёти кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро муаррифӣ намоям. Дар асоси ҳамкорӣ ва робитаҳои дуҷониба инчунин дар партави робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон Ҷумҳурии Португалия барои татбиқи самараноки «Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» саҳми босазои худро хоҳад гузошт ва ин яке аз вазифаҳои калидӣ ва меҳварии ман дар фаъолияти ҳамарӯзаи ман хоҳад буд». Марио Годино де-Матуш дар ниҳоят изҳори итиминон кард, дар оянда тамоми кӯшишу талошҳои худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва робитаҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар равона сохта, дар кори таъмини пешбурди ҳамкориҳо ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳарду кишвар саҳми худро хоҳад гузошт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






