Таҷлили 20- солагии қабули Конститутсияи ҶТ дар Екатеринбург
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия дар хамкорӣ бо ташкилоту ҷамъиятҳои ин шаҳр рўзи 12 ноябри соли ҷорӣ 20- солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт.
Дар оғози чорабинӣ Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Сафар Сафаров, котиби дуюми консулгарӣ Саидхоҷа Қиёмиддинов, роҳбари Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон «Сомон» Фаррух Мирзоев, ноиби аввали роҳбари Ташкилоти донишҷўёни Созмони милали Донишгоҳи федералии Урал Муллозода Рустами Тоҳирбек ва роҳбари Ҷамъияти донишҷўёни тоҷики Донишгоҳи федералии Урал Баҳром Шарипов аз аҳамияти қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун хуҷҷати тақдирсоз ёдовар шуда, доири ин мавзуъ сухан гуфтанд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш донишҷўёни боистеъдод ва ансамбли тарона ва рақси «Дидор»-и шаҳр бо барномаи фарҳангии ҷолибу рангин табъи ҳозиринро болида карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






