Таҷлили Рӯзи парчам дар ДМИТ
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба истиқболи ҷашни Парчами миллӣ 21 ноябр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) чорабинии мутантан доир шуд, ки дар он раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода сухан гуфт.
Ба гуфти котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева, ректори донишкада Ашурбой Солиев ҳозиринро бо Рӯзи парчам муборакбод намуда, аз ҷумла зикр намуд ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта — эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, илова намуд мавсуф.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ҳамагонро ба худшиносию хештаншиносӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ даъват намуда, афзуд, ки парчам аз замонҳои қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо — Коваи оҳангар будааст. Мояи ифтихори мост, ки имрӯз миллати моро аз тариқи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчами миллӣ мешиносанд.
Сипас омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии донишкада Гулчеҳра Ниёзова «Аз таърихи парчамдории тоҷикон», мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ Зуҳуриддин Асрорзода дар мавзӯи «Ҷабҳаҳои ҳуқуқии парчами давлатӣ ҳамчун рамзи миллӣ»маърӯза карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






