Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 22.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазифаҳои басо масъулиятноки мақомоти номбурда, аз ҷумла мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, онҳоро ба баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва беш аз ҳама ба ҷасорату шуҷоат ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои пурхатар ва дар айни ҳол пуршараф ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки садоқат ба халқу Ватан ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ бояд ҳамеша дар ҷойи аввал қарор дошта бошад.
Ҳамин тариқ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардорони чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии ин вазорат, роҳбарони як зумра сохторҳои минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ ва сардорони якчанд раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иваз карда шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






