Ташхиси аутизм ва дахолати саривақтӣ ҳангоми ҳолати аутистӣ

Ноябрь 29, 2014 10:09

Душанбе, 29.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамова).- Дирӯз давраи омӯзишии “Ташхиси аутизм ва дахолати саривақтӣ ҳангоми ҳолати аутистӣ ” ҷамъбаст гардид.
Дар  давраи омӯзишӣ  доктор Нарис Раҳмон, мутахассиси соҳаи аутизм аз Бангладеш, Нусрат Аҳмад, бунёдгузор ва роҳбари Маркази аутизми “Умед” дар Бангладеш ва Репе Таунсон, мутахассиси рушди нутқ аз Австралия, ҳамчунин намояндагон аз манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. 
Гуфта мешавад, ки давраи омӯзишии мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустии мамлакат, Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, ЮНИСЕФ, Бунёди Мадад, меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» баргузор шуд.
Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ ҷорӣ намудани усули ташхиси муосири аутизм “ADOS”(ташхиси аутизм тавассути мушоҳида) мебошад.
Мавриди зикр аст, ки давраи омӯзишӣ аз 24-ум то 28-уми ноябри соли равон дар Маркази “Вефа” доир гардид.
 

Ноябрь 29, 2014 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад