Ташхиси аутизм ва дахолати саривақтӣ ҳангоми ҳолати аутистӣ
Душанбе, 29.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамова).- Дирӯз давраи омӯзишии “Ташхиси аутизм ва дахолати саривақтӣ ҳангоми ҳолати аутистӣ ” ҷамъбаст гардид.
Дар давраи омӯзишӣ доктор Нарис Раҳмон, мутахассиси соҳаи аутизм аз Бангладеш, Нусрат Аҳмад, бунёдгузор ва роҳбари Маркази аутизми “Умед” дар Бангладеш ва Репе Таунсон, мутахассиси рушди нутқ аз Австралия, ҳамчунин намояндагон аз манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, ки давраи омӯзишии мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустии мамлакат, Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, ЮНИСЕФ, Бунёди Мадад, меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» баргузор шуд.
Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ ҷорӣ намудани усули ташхиси муосири аутизм “ADOS”(ташхиси аутизм тавассути мушоҳида) мебошад.
Мавриди зикр аст, ки давраи омӯзишӣ аз 24-ум то 28-уми ноябри соли равон дар Маркази “Вефа” доир гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






