Тиллодузд дастгир шуд

Ноябрь 15, 2014 11:03

Б. Ғафуров, 15.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Ба иттилои мақомоти милисияи вилояти Суғд 10 ноябри соли ҷорӣ ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини 34- солаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ин ноҳия Б.Пулотов бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст. Ба гуфти аризадиҳанда тахминан соатҳои 10-и 9 ноябри соли ҷорӣ бо истифода аз набудани соҳибхона шахси номаълум ба тариқи пинҳонӣ ба ҳавлии ӯ ворид гашта, аз дохили сандуқ чанд намуд ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи умумии 12 ҳазору 804 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Тибқи аризаи воридшуда, аз тарафи кормандони милисияи ноҳия дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар дуздии мазкур шаҳрванд С.Х, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд боздошт шуд. Тавре ки дар ҷароаёни тафтиш аён гашт, дастгиршуда С.Х. муддате чанд дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Б.Пӯлотов ба корҳои таъмирӣ машғул буда, бо истифода аз набудани соҳибхона даст ба ин ҷиноят задааст. Далели шайъӣ гирифта шуда, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 244 қисми 2-и КҶ ҶТ оғоз шудааст.

Ноябрь 15, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад