Тоҷикистону Туркия: дастовардҳо зиёданд
Душанбе, 14.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 14 ноябри соли 2014 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия Мустафо Кабакҷӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯ баргузор гардид.
Зимни суҳбат масоили густариши ҳамкориҳои сиёсию парлумонӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва илмию фарҳангии байни ду кишвар, ҳамчунин мушкилоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки дар ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия дастовардҳо зиёданд. Дар таҳкими ин ҳамкориҳои созанда парлумонҳои ҳарду ду кишвар нақши муҳим доранд.
Мустафо Кабакҷӣ алоқамандии зиёди бахши хусусӣ ва марказҳои илмию саноатии кишвараш, бахусус вилояти Қунияро, ки бо кишвари мо робитаи зич дорад, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гидроэнергетика, маорифу фарҳанг, нақлиёт ва сармоягузорӣ таъкид кард.
Дар мулоқот ҳамчунин дар атрофи дигар масоили ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






