Вазъи қурби асъори хориҷӣ тадриҷан муътадил мегардад

Ноябрь 14, 2014 16:30

Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). —   Дар айни замон тағйирёбии аз эътидол беруни қурбҳои асъор дар аксари бозорҳои молиявии ҷаҳон мушоҳида мешавад. Қурбҳои асъор табиатан бузургии хеле ҳассос буда, таҳти таъсири на танҳо омилҳои макроиқтисодӣ, балки омилҳои зиёди дигаре, ки ба талаботу пешниҳоди асъор дар бозор таъсир мерасонанд, қарор доранд. 
     Аз рӯи иттилои Хадамоти Бонки миллии Тоҷикистон, тағйироте, ки дар минтақа ба вуқӯъ омада истодаанд, ба талаботи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ таъсири бевосита мерасонанд. Аз ҷумла, пастравии қурби рубли русӣ ба таносуби бахшҳои тавозуни пардохт, бахусус маблағгузории касри манфии амалиёти тиҷоратӣ таъсири бевосита мерасонад. 
      Бо мақсади пешгирии оқибатҳои манфии ин раванд ба бозори истеъмолии дохилӣ, Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф кардани тағйирёбии аз эътидол беруни талабот ё пешниҳоди асъор мудохилаҳои асъориро анҷом дода истодааст. 
     Дар назар аст, ки дар ҳолати паст шудани шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон, ки хусусияти кӯтоҳмуддат ва муваққатӣ дорад ва бо андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон вазъи қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд. 

Ноябрь 14, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд