Вохӯрии Шариф Раҳимзода бо Матиас Фекл
Душанбе, 28.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 26 ноябри соли 2014 вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, ки ҷиҳати иштирок дар “Ҳафтаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бахшида ба кишварҳои Авруосиё” ба Париж сафар намудааст, дар Вазорати корҳои хориҷии Франсия бо вазири давлатӣ оид ба савдои хориҷӣ, пешбурди туризм ва масоили фаронсавиҳо дар хориҷа Матиас Фекл вохӯрӣ анҷом дод.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, зикр намуданд, ки тақвият бахшидани пояи шартномавию ҳуқуқӣ байни Тоҷикистону Франсия ба густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷабҳа саҳмгузор хоҳад буд.
Вазирон дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла бо назардошти хурӯҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон табодули афкор намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






