Вохӯрии зиддимухаддиротӣ дар Хоруғ

Ноябрь 29, 2014 10:09

Душанбе, 29.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и шаҳри Хоруғ оид ба  нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва оқибатҳои  он дар ҷомеа байни сокинони маҳаллаҳо, хонандагон,  падару модарон,  донишҷуёни коллеҷи тиббӣ  ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ  вохӯрӣ  баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ сардори РАНМН дар ВМКБ Муртазо Ҳайдарзода зикр кард, ки барои пешравии давлат ва ҷомеа ҳамаи мо бояд дастаҷамъона  бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар   ва пешгирии нашъамандӣ саҳми худро гузорем. 
Дар чорабинӣ  аз тарафи Раёсати агентӣ  ба  5 нафар  хонандаи  фаъоли муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии  №2  барои иштироки фаъолона дар самти мубориза бар зидди маводи нашъаовар  ифтихорномаҳо супорида шуданд.
 
 

Ноябрь 29, 2014 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад