Вохӯрии зиддимухаддиротӣ дар Хоруғ
Душанбе, 29.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и шаҳри Хоруғ оид ба нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва оқибатҳои он дар ҷомеа байни сокинони маҳаллаҳо, хонандагон, падару модарон, донишҷуёни коллеҷи тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ сардори РАНМН дар ВМКБ Муртазо Ҳайдарзода зикр кард, ки барои пешравии давлат ва ҷомеа ҳамаи мо бояд дастаҷамъона бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ саҳми худро гузорем.
Дар чорабинӣ аз тарафи Раёсати агентӣ ба 5 нафар хонандаи фаъоли муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои иштироки фаъолона дар самти мубориза бар зидди маводи нашъаовар ифтихорномаҳо супорида шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






