Як хиёбони Қуния «Тоҷикистон» номгузорӣ хоҳад шуд

Ноябрь 13, 2014 16:30

 
Душанбе, 13.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мо мехоҳем дар шаҳри Қунияи Туркия чойхонаи тоҷикӣ ва хонаи фарҳангӣ бо номи «Сомон» ифтитоҳ намуда, яке аз хиёбонҳои калони ин шаҳрро «Тоҷикистон» номгузорӣ намоем». Ин матлабро Мустаффо Кабакчи -раиси гурӯҳи дӯстӣ  ва ҳамкории Парлумони Туркия бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон баён кард.
     Дар мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия матраҳ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони Парлумони Туркия доир ба фаъолияти палатаи касбии Парлумони Тоҷикистон маълумот дода гуфт, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари ба даст овардани комёбиҳо дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо, ҳамчунин бо парлумонҳои кишварҳои дигари дӯст, аз ҷумла Парлумони Туркия табодули таҷриба мекунанд. Мо густариши муносибатҳои байни ду кишварро дар ҳама соҳаҳо-тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг, инчунин ворид шудани сармоягузории Туркияро ба иқтисодиёти Тоҷикистон истиқбол менамоем. То ба имрӯз 65 ширкати туркӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуда, умуман ба содироти пахта, иштирок дар лоиҳаҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ ба ҳайси паймонкор фаъолият менамояд. 
«Ба ақидаи мо, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва коммуникатсия аз манфиат холӣ нест. Мо аз таҷрибаи бои Туркия дар ҳалли мусолиматомези масъалаҳои истифодаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, инчунин сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва хонаҳои истиқоматӣ огоҳ ҳастем ва истифода аз ин таҷриба омили муҳим ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба ин бахшҳост.  
Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи мавҷуд будани имконоти васеи марбут ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба вакилони  Парламони Туркия иттилоъ дода, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар соҳаи кишоварзӣ мо метавонем на танҳо содироти пахта, балки кишт ва коркарди он, коркарди меваҷот ва сабзавоти тозаро ба роҳ монем. Ҳамчунин, дар ин замина метавон ҳамкорӣ дар соҳаи саноати сабук — сангҳои қиматбаҳо, истихроҷи маъдан, пӯст ва дигар ашёи хомро ба роҳ монд. Сармоягузорони туркӣ метавонанд дар сохтмони корхонаи нассоҷӣ иштирок намоянд. 
Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба афзоиши мизони интиқоли бору маҳсулот миёни ду кишвар ва гардиши мол, ки 600 миллион $- ро ташкил медиҳад, гуфт, ки тӯли солҳои охир интиқоли бор байни Тоҷикистон ва Туркия афзоиш ёфтааст ва мо пешниҳод мекунем, то ширкатҳои туркӣ интиқоли борҳо ба самти Тоҷикистонро бештар намоянда ва инро барои афзоиши ин раванд метавон  самарабахш истифода кард.
  Мустаффо Кабакчи -раиси гурӯҳи дӯстӣ  ва ҳамкории парлумони Туркия бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои парлумонҳои Тоҷикистону Туркия баҳои баланд дода,  изҳор дошт, ки мо бояд барои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон саъю талоши  ҷиддӣ  намоем. 
 

Ноябрь 13, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад