Як хиёбони Қуния «Тоҷикистон» номгузорӣ хоҳад шуд
Душанбе, 13.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мо мехоҳем дар шаҳри Қунияи Туркия чойхонаи тоҷикӣ ва хонаи фарҳангӣ бо номи «Сомон» ифтитоҳ намуда, яке аз хиёбонҳои калони ин шаҳрро «Тоҷикистон» номгузорӣ намоем». Ин матлабро Мустаффо Кабакчи -раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Парлумони Туркия бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон баён кард.
Дар мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия матраҳ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони Парлумони Туркия доир ба фаъолияти палатаи касбии Парлумони Тоҷикистон маълумот дода гуфт, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари ба даст овардани комёбиҳо дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо, ҳамчунин бо парлумонҳои кишварҳои дигари дӯст, аз ҷумла Парлумони Туркия табодули таҷриба мекунанд. Мо густариши муносибатҳои байни ду кишварро дар ҳама соҳаҳо-тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг, инчунин ворид шудани сармоягузории Туркияро ба иқтисодиёти Тоҷикистон истиқбол менамоем. То ба имрӯз 65 ширкати туркӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуда, умуман ба содироти пахта, иштирок дар лоиҳаҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ ба ҳайси паймонкор фаъолият менамояд.
«Ба ақидаи мо, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва коммуникатсия аз манфиат холӣ нест. Мо аз таҷрибаи бои Туркия дар ҳалли мусолиматомези масъалаҳои истифодаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, инчунин сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва хонаҳои истиқоматӣ огоҳ ҳастем ва истифода аз ин таҷриба омили муҳим ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба ин бахшҳост.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи мавҷуд будани имконоти васеи марбут ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба вакилони Парламони Туркия иттилоъ дода, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар соҳаи кишоварзӣ мо метавонем на танҳо содироти пахта, балки кишт ва коркарди он, коркарди меваҷот ва сабзавоти тозаро ба роҳ монем. Ҳамчунин, дар ин замина метавон ҳамкорӣ дар соҳаи саноати сабук — сангҳои қиматбаҳо, истихроҷи маъдан, пӯст ва дигар ашёи хомро ба роҳ монд. Сармоягузорони туркӣ метавонанд дар сохтмони корхонаи нассоҷӣ иштирок намоянд.
Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба афзоиши мизони интиқоли бору маҳсулот миёни ду кишвар ва гардиши мол, ки 600 миллион $- ро ташкил медиҳад, гуфт, ки тӯли солҳои охир интиқоли бор байни Тоҷикистон ва Туркия афзоиш ёфтааст ва мо пешниҳод мекунем, то ширкатҳои туркӣ интиқоли борҳо ба самти Тоҷикистонро бештар намоянда ва инро барои афзоиши ин раванд метавон самарабахш истифода кард.
Мустаффо Кабакчи -раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Туркия бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои парлумонҳои Тоҷикистону Туркия баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки мо бояд барои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон саъю талоши ҷиддӣ намоем.








Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт






