Ёвон: истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ -515 миллион сомонӣ
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Бояд гуфт, ки кишоварзони ноҳияи Ёвон дар бобати истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи зиёд дошта, бо мақсади таъмини аҳолии ноҳия ва минтақаҳои кишвар бо маҳсулоти барвақтӣ сол то сол бештар кӯшиш карда истодаанд»,-гуфт зимни суханронии хеш Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ноҳия Ёвон. Тибқи маълумот дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ёвон 515 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад. Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар масоҳати 49 гектар бунёди 196 гармхона, инчунин сохтмони сардхонаро барои нигоҳдории 1000 тонна маҳсулот ба нақша гирифтаанд. Алҳол сохтмони 119 гармхона ба анҷом расида, дар 40 гармхона ба истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ кардаанд.Ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектари он қариб 40 тонна маҳсулот истеҳсол мешавад.Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҳамзамон бо ин, дар доираи ҳамкорӣ бо кишоварзони вилояти Хатлон аз ҷониби ширкати чинии “Синян — Инхай” соли равон ба миқдори зиёда аз 230 тонна чигити тухмӣ, беш аз 20 тонна тухмии ҷуворимакка ва 42 адад тухмипошак дастрас шудааст. Соли ҷорӣ ширкати номбурда дар масоҳати 100 гектар кишти гандум, 72 гектар пахта ва 43 гектар ҷуворимакка гузаронида, ба ҳисоби миёна 72 сентнерӣ гандум, 42 сентнерӣ пахта ва 75 сентнерӣ ҷуворимаккаи дон истеҳсол кардааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






