Зеландияи Нав ҳавасманди ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ бо Тоҷикистон аст

Ноябрь 19, 2014 09:10

Душанбе, 19.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Сафири Зеландияи Нав Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки барояш мояи шарафи бузург аст, ки ҳамчун нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Зеландияи Нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодномаи худро ба Президенти кишвар супорад. «Ҳарду кишвар- Зеландияи Нав ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави созмонҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои машваратӣ доштанд. Вобаста ба интихоботи аъзои ғайридоимӣ ба Шӯрои амнияти СММ ба муҳлати ду сол, ки аз 1-уми январи соли 2015 шуруъ мешавад, Зеландияи Нав тасмим гирифтааст, то боз ҳам ҳамкориҳои машваратӣ ва ройзании худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшад. Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зеландияи Нав аз лиҳози ҷуғрофӣ аз ҳамдигар дур ҷойгир ҳастанд, аммо Зеландияи Нав ҳавасманд аст, ҳамкорӣ ва ҳамёрии густурдаи худро бо ин кишвар баҳри таҳкими сулҳи минтақавӣ ва сулҳи байналмилалӣ, ки имрӯз яке аз мавзӯъҳои авлавиятноки ҳукумати ин кишвар маҳсуб меёбад, идома диҳад.Дар ниҳоят таъкид карданиям, ки барои мо боиси хушнудӣ аст, то ки мо ба рушду тадбиқи баъзе аз лоиҳаҳои хурдҳаҷм, ки ба рушди ин кишвар нигаронида шудаанд, кумак ва мусоидати амалӣ намоем, аз ҷумла аз ҷониби сафорати Зеландияи Нав ва Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба самаранокии истифода неруи барқ ва беҳтар гардонидани сифати хок мо кумаки амалӣ намудем»,- зикр намуд Сафири Зеландияи Нав.

Ноябрь 19, 2014 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд