Қоҳира: мулоқоти Абдувалӣ Комилов бо Мустафо Мадбулӣ
Душанбе, 9.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Қоҳира вазири маскан, хадамоти умумӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои барқарорсозӣ ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди ду ниҳоди мазкур дар заминаҳои меъмориву сохтмон ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ гардиданд. Дар ин росто, ҷонибҳо дар бораи зарурати таъсиси комиссияи муштараки байниидоравии ҳамкорӣ изҳори назар карданд. Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ низ иштирок намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






