Ҳаққи қалам бо назардошти сатҳи таваррум индексатсия мешавад
Душанбе, 3.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Минбаъд ҳаққи қалами муаллифон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сатҳи таваррум индексатсия мешавад. Дар иртибот ба ин 3 декабр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» тағйирот ворид намуданд.
Бунафша Одинаева -муовини вазири фарҳанги кишвар дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкур дар танзими муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он нақши муҳим дорад.
Ворид намудани тағийрот ба лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар инчунин дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон роҳандозӣ гардидааст.
Таъкид шуд, ки андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад. Ва ҳамзамон бо индексаксияи андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат индексатсия мешавад, ки ин омил на ҳама вақт аз ҷониби истифодабарандагон ба инобат гирифта мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






