Ҳамадонӣ: таъсиси марказҳои касбомӯзӣ барои занон

Декабрь 1, 2014 15:23

Ҳамадонӣ, 1.12.2014. (АМИТ  «Ховар», Сулаймони  Хол).-Бо мақсади ҷалби бештари занону духтарон ба касбомӯзӣ ва таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар маркази ҷамоатҳо ва маркази шаҳрак курсҳои дӯзандагиро фаъол карданд. Ҳоло дар курси дӯзандагии маркази шаҳрак 60 нафар зану духтар соҳибкасб гардида, 20 нафари дигар касбомӯзиро идома дода истодааст. Дар ноҳияи мазкур шуруъ аз моҳи сентябр озмуни «Гулпарвари беҳтарин» ва «Тарроҳи беҳтарин» эълон гардид, ки беш аз 80 нафар зану духтар дар он иштирок намуд. Дар ҷамъбаст гулпарвар ва тарроҳи беҳтарин муайян шуд, ки маҳсули ҳунари онҳо дар намошгоҳи хосса ба маъраз  гузошта шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо бахши занон ва оила, бахши дин ва бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳрак бо фаъолзанон вохӯриҳо  доир менамоянд. 

Декабрь 1, 2014 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид