Ҳамкории дуҷониба рушд меёбад

Декабрь 8, 2014 12:15

Душанбе,  08.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Чанде  пеш раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид бо президенти Палатаи  савдо  ва  саноати  шаҳри Перуҷии Италиё  Ҷорҷио Менкарони  мулоқот  анҷом дод.
Назар  ба  иттилои  ПСС ҶТ,  ҷонибҳо  масоили  ҳамкории  дуҷонибаи  тиҷоратию  иқтисодиро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Шариф  Саид зикр  намуд, ки  ҳанӯз  соли  2003 байни ПСС ҶТ ва Институти  миллии  савдои   хориҷии  Италиё  муносибатҳои  зич барқарор  шуда буданд. 13  сентябри  соли  2010  дар  шаҳри  Душанбе  баргузор гардидани ҳамоиши  аҳли тиҷорати  Италиё ва  Тоҷикистон воқеаи  муҳими  муносибатҳои   Тоҷикистону  Италиё  гардид. 
Ҷонибҳо  ҳамчунин  дурнамои  ҳамкорӣ  дар   бахши гидроэнергетика  ва  истихроҷи  маъданро  баррасӣ  намуданд. 

Декабрь 8, 2014 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид