Ҳамкории пурсамар миёни китобхонаҳои Тоҷикистону Корея
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ен Ҷон Гу ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо директори китобхона Сайфиддин Назарзода мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, зимни суҳбат Ен Ҷон Гу иброз дошт, ки минбаъд миёни китобхонаҳои гуногуни Корея ва китобхонаҳои Тоҷикистон ҳамкории пурсамар ба роҳ монда мешавад. Сафири ҷумҳурии Корея Ен Ҷон Гу омодагии хешро доир ба дастгирии лоиҳаву пешниҳодҳои мукаммал изҳор дошта, таъкид бар он намуд, ки курсҳои омӯзишӣ барои кормандони китобхона таъсис медиҳад.
Инчунин мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дуглас Ҷон Том низ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо директори китобхона Сайфиддин Назарзода мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни мулоқоти хеш Дуглас Ҷон Том изҳор намуд, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ байни Китобхонаи Конгресси Амрико ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шаванд.
Сайфиддин Назарзода аз ин таклифҳои судманд қаноатманд гардида, омодагии хешро барои мусоидат ва пиёда сохтани ин тадбирҳо изҳор дошт.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






