Ҳамлаи ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба дидбонгоҳи марзӣ

Декабрь 3, 2014 11:48

Душанбе,03.12.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Вазирони умури хориҷаи 28 кишвари узви паймони НАТО дар Брюссел баъд аз мулоқоти худ дар эъломияе гуфтанд, ки “онҳо ҳамчунин аз нақшаҳои эълонкардаи Русия дар бораи ҳузури бештари низомиаш дар Баҳри Сиёҳ нигаронанд”. Онҳо Маскавро барои “барҳам задани суботи вазъ дар шарқи Украина” ва барои ҳузури низомиаш дар Қрим маҳкум намуданд. Душанбе,03.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилоъ нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев воридот, фурӯш ва истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар кишвари Ӯзбекистон мамнуъ эълон кард. Сабаби ин тасмим масъалаҳои амниятӣ, парвозҳо ва пешгирӣ аз парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин дар фазои Ӯзбекистон арзёбӣ шудааст. Ин гузориш ба матбуоти давлатӣ, мақомоти расмӣ ва хориҷи кишвар расонида мешавад. Душанбе,03.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои рӯзномаи “Ас-Сафир”-и Ҷумҳурии Лубнон мақомоти амниятии миллии Лубнон зану писари Абубакр Бағдодӣ-раҳбари гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ»-ро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки зану писари Бағдодӣ ҳангоми гузаштан аз марзи Сурия ба Лубнон боздошт шудаанд. Душанбе,03.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Би-Би-Си шаби гузашта чангиёни «Давлати исломӣ» ба дидбонгоҳи назоратии марзи миёни Ироқ ва Сурия ҳамла намуда, 15 марзбони ироқиро ба ҳалокат расониданд ва чанд каси дигар захм бардошт. Гуфта мешавад, ки чангиён кӯшиш доштанд, ки сарҳади вилояти Анбари Ироқро убур карда, ба ҳудуди Сурия ворид шаванд. Душанбе,03.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар қисми ҷанубии Фаронса чанд рӯз боз бориши пай дар пайи борон ва обхезии шадид идома дорад. Бар асари офати табиӣ 5 нафар ба ҳалокат расида,чанд каси дигар беному нишон мондааст. Бо мақсади пайдо намудани шахсони бедаракгардида гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст. Гуфта мешавад, ки минтақаҳои зарардида, шаҳри Пирени ва Атлантики мебошанд. Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулода беш аз 3,5 ҳазор сокини минтақаҳои зарардидаро ба ҷойҳои бехавф интиқол додаанд.

Декабрь 3, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд