ҲМБС ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд

Декабрь 1, 2014 11:55

Душанбе,  01.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-   Фаъолияти ҳайати Маркази  байналмилалии  савдо ҷиҳати  арзёбии фаъолияти   ширкатҳои   нассоҷии  Тоҷикистон бо  рӯи  кор овардани   семинари  намояндагони   саноати   нассоҷию  дӯзандагии  кишвар  анҷом  ёфт.
Тавре  ки  аз  Маркази байналмилалии  савдо хабар  доданд,   сафари  ҳайат   дар  ҳошияи  лоиҳаи  ҲМБС ҷиҳати таҳкими  рақобатпазирии  содироти  корхонаҳои хурду  миёнаи  соҳаи   нассоҷию   дӯзандагӣ  ва густариши  қобилияти  ниҳодҳои ҳомии тиҷорат  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  созмон  дода шуда буд. Лоиҳаи  мазкурро  котиботи   давлатии  оид ба масоили иқтисодии  Швейтсария  маблағгузорӣ  менамояд. 
Мушовири  байналмилалии  Маркази  байналмиллалии  савдо  дар  бахши   нассоҷӣ ва  мушовири  калони  ширкати «Роҷеш Бҳеда Консалинг» — и  Ҳиндустон Муниш  Тяги  аз  19  то  28  ноябр дар  шаҳри  Душанбе,  ҳамчунин  дар  вилоятҳои  Хатлону  Суғд  аз беш  аз 10  ширкати  нассоҷии  Тоҷикистон  боздид  намуд. Барномаи  мазкур  қисмати  чоруми   барномаи  ҳамкорӣ  дар  бахши  тиҷорат  дар  Тоҷикистон  ба шумор  рафта,  мақсад  аз он  баланд  бардоштани  рақобатпазирии  соҳаҳои   нассоҷию  дӯзандагӣ  мебошад. 
Дар  ҷараёни татбиқи  лоиҳа  ҳамчунин масоилу имконоти   рушди  сайёҳӣ ва соҳибкорӣ  дар  Тоҷикистон  омӯхта  мешавад. 

Декабрь 1, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид