Ҳукумати ИМА хулосаи арзёбии сатҳи хонишро дар синфҳои ибтидоӣ дастгирӣ менамояд
Душанбе, 9.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд бо ҳамроҳии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиниссо Маҳмадова, кормандони маорифи маҳаллӣ, омӯзгорон ва созмонҳои байналмилалӣ 9 декабр дар баррассии натиҷаҳои арзёбии сатҳи хонишро дар синфҳои ибтидоии лоиҳаи USAID “Хониши босифат”, ки дар якҷоягӣ бо Bазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст, ширкат варзид.
USAID дар якҷоягӣ бо Bазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи арзёбии сатҳи хонишро дар синфҳои ибтидоӣ барои муайян намудани дараҷаи хониш дар синфҳои аз 1 то 4-ро дар саросари Тоҷикистон таҳия намуд. Воситаи мазкур дар стандартҳои нави миллии хониш барои синфҳои аз 1 то 4 асос ёфтааст. Арзёбии зикршуда сатҳи саводнокиро дар Тоҷикистон холисонаю мунтазам тафсир дода, барои кормандони соҳаи маориф манбаи маълумот хоҳад шуд.
Дар сухани ифтитоҳиаш хонум Кэтлин Макдоналд гуфтанд: “Давоми 12 соли охир Ҳукумати ИМА бо Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои марбути он барои дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ва Шарокати умумиҷаҳониро дар соҳаи маориф бо мақсади ҷавобгӯй будан ба талаботу масъалаҳои асри 21 ҳамкорӣ менамояд. Мо бояд ҷашну хурсандӣ кунем, ки дар ҳамроҳӣ маводи таълимӣ барои муаллимон, меъёрҳои хату хониш ва меъёрҳои татбиқи онҳоро таҳия намудем.”
USAID шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. Ҳамчун нишонаи шарикии мазкур USAID бо хушнудӣ ин натиҷаҳои муҳимро ҷиҳати дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани сатҳи хониш ва идрок дар саросари Тоҷикистон дастрас менамояд.
Лоиҳаи “Хониши босифат”-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) яке аз лоиҳаҳои кумакрасони зиёде мебошад, ки амалисозии он бо дастгирии мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир гашт. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






