Ҳукумати ИМА хулосаи арзёбии сатҳи хонишро дар синфҳои ибтидоӣ дастгирӣ менамояд

Декабрь 9, 2014 16:59

Душанбе, 9.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд бо ҳамроҳии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиниссо Маҳмадова, кормандони маорифи маҳаллӣ, омӯзгорон ва созмонҳои байналмилалӣ 9 декабр дар баррассии натиҷаҳои арзёбии сатҳи хонишро дар синфҳои ибтидоии лоиҳаи USAID “Хониши босифат”, ки дар якҷоягӣ бо Bазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст, ширкат варзид.
USAID дар якҷоягӣ бо Bазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи арзёбии сатҳи хонишро дар синфҳои ибтидоӣ барои муайян намудани дараҷаи хониш дар синфҳои аз 1 то 4-ро дар саросари Тоҷикистон таҳия намуд.  Воситаи мазкур дар стандартҳои нави миллии хониш барои синфҳои аз 1 то 4 асос ёфтааст.  Арзёбии зикршуда сатҳи саводнокиро дар Тоҷикистон холисонаю мунтазам тафсир дода, барои кормандони соҳаи маориф манбаи маълумот хоҳад шуд.
Дар сухани ифтитоҳиаш хонум Кэтлин Макдоналд гуфтанд: “Давоми 12 соли охир Ҳукумати ИМА бо Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои марбути он барои дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ва Шарокати умумиҷаҳониро дар соҳаи маориф бо мақсади ҷавобгӯй будан ба талаботу масъалаҳои асри 21 ҳамкорӣ менамояд.  Мо бояд ҷашну хурсандӣ кунем, ки дар ҳамроҳӣ маводи таълимӣ барои муаллимон, меъёрҳои хату хониш ва меъёрҳои татбиқи онҳоро таҳия намудем.”
USAID шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад.  Ҳамчун нишонаи шарикии мазкур USAID бо хушнудӣ ин натиҷаҳои муҳимро ҷиҳати дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани сатҳи хониш ва идрок дар саросари Тоҷикистон дастрас менамояд.   
Лоиҳаи “Хониши босифат”-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) яке аз лоиҳаҳои кумакрасони зиёде мебошад, ки амалисозии он бо дастгирии мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир гашт.  Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.
 
 
 

Декабрь 9, 2014 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд