Ҷаласаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Хуҷанд

Декабрь 24, 2014 16:35

Душанбе, (АМИТ “Ховар” Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати  раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷасалаи шашуми Шӯрои машваратии  назди раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ  баргузор гардид. 
Дар кори ҷаласа асосан се масъала, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фаъолияти Шӯро, вазъ ва дурнамои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар вилояти Суғд ва муайянсозии масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласаи ҳафтуми Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар ҷараёни он роҳбарони сохторҳои вилоятии марбути соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Роҳбари вилоят зикр дошт, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои машваратӣ дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он тақвияти муносибати сохторҳои хусусӣ ва давлатӣ ва ба ин васила беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. 
Бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ дар вилоят имтиёзҳои гуногун рӯи кор оварда шудаанд ва ба ин васила аз оғози сол то ба имрӯз ба вилоят наздики 230 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ҷалб  шудааст, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба бештар мебошад. 
 
 
 
 
 
 

Декабрь 24, 2014 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид