Ҷаласаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Хуҷанд
Душанбе, (АМИТ “Ховар” Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷасалаи шашуми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа асосан се масъала, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фаъолияти Шӯро, вазъ ва дурнамои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар вилояти Суғд ва муайянсозии масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласаи ҳафтуми Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар ҷараёни он роҳбарони сохторҳои вилоятии марбути соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Роҳбари вилоят зикр дошт, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои машваратӣ дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он тақвияти муносибати сохторҳои хусусӣ ва давлатӣ ва ба ин васила беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ дар вилоят имтиёзҳои гуногун рӯи кор оварда шудаанд ва ба ин васила аз оғози сол то ба имрӯз ба вилоят наздики 230 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ҷалб шудааст, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба бештар мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






