Ҷаласаи дуюми Шӯро оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

Декабрь 25, 2014 11:10

 
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- 24 декабри соли 2014 дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи дуюми Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ баргузор гардид. 
Мақсади асосии ҷаласа- ин таъмин намудани бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар ҳудуди кишвар аз тариқи ҷоннок кардани фаъолияти сохторҳои хизматрасон дар бозори бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, аз нигоҳи ҳимояи манфиатҳои миллӣ комил гардонидани меъёрҳои ҳуқуқии қонунҳои амалкунанда, таҳия намудани зерқонунҳои соҳавӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи байналмилалӣ (Созмони Умумиҷаҳонии Савдо), дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор таҳия намудани меъёрҳои техникии ивазкунандаи стандартҳои амалкунанда мебошад.
Вобаста ба ин таъкид шуд, ки зерқонунҳои таҳияшаванда ҳудуд ва вазифаҳои сохторҳои хизматрасонро дар бозори таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ муайян сохта, ҳимояи манфиатҳои молистеҳсолкунандагону воридкунандагони маҳсулоти хўроквориро бояд таъмин намоянд. 

Аъзои Шўрои мазкур вобаста аз самти фаъолият гурӯҳбандӣ шудаанд, ки чор самти муҳим-масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоягузорӣ, иқтисодӣ, соҳибкорон ва истеъмолкунандагон, масъалаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, масъалаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ,  масъалаҳои ғизою хўрокворӣ ва мутобиқат ба ҳуҷҷатҳои меъёриву техникии ҲМТ (техрегламент, стандарт, шартҳои техникӣ ва ғ.)- ро фаро мегиранд. 

 Дар ҳамин ҷаласа нақшаи чорабиниҳои фаъолияти гурӯҳҳои мазкур барои соли 2015 тасдиқ шуд.  
 
 
 

Декабрь 25, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад