Ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҳукумати Тоҷикистон
Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо пешниҳоди вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар пагоҳ, 11-уми декабри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Душанбе Плаза» ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорони рушд оид дар мавзӯи «Ҷараёни иҷрои «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва роҳҳои тавсияи он», бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, вазорату идораҳои дахлдори соҳаи кишоварзӣ ва Шарикони рушд баргузор мегардад.
Ёддовар мешавем, ки дар ҳамкорӣ бо Шарикони рушд баҳри татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» гурӯҳҳои корӣ оид ба ислоҳоти кишоварзӣ, ислоҳоти замин, ислоҳоти бахши об, оид ба таҳияи механизми нави маблағгузории соҳаи кишоварзӣ, оид ба низоми идораи соҳаи кишоварзӣ ва таҳияи барномаи рушди иҷтимоии деҳот таъсис дода шудааст. Татбиқи роҳҳои минбаъдаи барномаи ислоҳи кишоварзӣ дар мувофиқа бо Шарикони рушд дар ҷаласаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ метавонанд ширкат намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






