Ҷоизаҳои ВКД ба варзишгарон

Декабрь 11, 2014 09:39

Хоруғ, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар толорҳои варзишии шахри Хоруғ наздики се ҳафта сабқатҳо аз намудҳои мухталифи варзишӣ дар миёни кӯдакону наврасон ва ҷавонон идома дошт ва ғолибон дар ҳузури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Бузмаков муайян ва бо мукофот сарфароз гардиданд.
      Ин сабқат бо ибтикори вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят се ҳафта қабл оғоз гардида, наврасону навҷавонон дар се намуд- волейболи мардонаю занона, гӯштини тарзи озод бо ҳам рақобат намуданд.
   Раиси вилоят қабл аз супурдани мукофот ба мураббиён, ғолибон ва ҳамаи иштирокдорони мусобиқаро ба хотири ширкати фаъол ва ҷолибу шавқовар доир кардани он изҳори сипос карда, гуфт, ки яке аз ҳадафҳои чунин чорабиниҳо- ин оммавӣ гардонидани варзиш мебошад. 
        Муовини аввали вазири  корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаков аз номи вазири корҳои дохилӣ ғолибонро табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ғолибони имрӯзаи сабқат дар оянда ба қуллаҳои баланди варзишӣ мерасанд ва шарафи миллату ватани худро боз ҳам баланд мебардоранд.
     Дар сабқатҳо аз намуди волейболи занона мақоми аввалро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ишғол намуданд. Дар намуди волейболи мардона пирӯзӣ насиби тими мунтахаби ҷавонони шаҳр гардид. 

Декабрь 11, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид