Ҷомеаи педагогӣ ба пажӯҳишҳои бунёдӣ ниёз дорад
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 29 декабр дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии солона доир гардид. Дар гузориши президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова паҳлуҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти солонаи ин муассисаи илмӣ мавриди баҳрабардорӣ ва арзёбӣ қарор гирифт.
Ишора гардид, ки соле, ки гузашт, соли пурбор ва қобили арзёбӣ буд. Аз ҷумла, фаъолияти илмии академикон Маҳмадулло Лутфуллоев, Файзулло Шарифзода, Убайд Зубайдов, Ирина Каримова ва профессор Сафар Сулаймонӣ қобили зикр аст. Дар тӯли сол ҷуз аз рисолаҳои монографӣ 7 барнома, 4 стандарт, 9 китоби дарсӣ, 229 мақола- дар ҷамъ 7 ҳазору 10 саҳфаро ташкил доданд. Дар тӯли сол 22 нафар уновонҷӯ аз рисолаи худ дифоъ кард. Аз ҷониби профессор Сафар Сулаймонӣ дар тӯли сол 9 китоб, 27 мақола чоп гардида, 4 шумораи маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» аз чоп баромад, ки дар ҳамин ҷаласа рӯнамоии он низ сурат гирифт. Қарор шуд, ки дар оянда унвони маҷалла «Педагогика» номгузорӣ шавад ва дар саҳафоти он танҳо мақолаҳои бунёдӣ ба табъ расанд, чунки академия бештар ба пажӯҳиши бунёдӣ ниёзманд аст ва чунин навъи таҳқиқ илм барои илм буда, бахши фаъолиятҳои илмиест, ки ҳадафи тиҷоратӣ ва амалиро доро намебошад. Пажӯҳиши бунёдӣ ҳадафҳои ташаккули консепсияҳо ва моделҳое мебошад, ки истифодаи онҳо зуд ва сарӣ зоҳир намегардад.
Тибқи меъёрҳо ба пажӯҳишҳои бунёдӣ тадқиқоти назариявиро, ки барои дарёфти донишҳои нав, бидуни ҳадафҳои мушаххас барои истифодаи имрӯзро дар назар надоранд. Натиҷаи он — фарзияҳо, назарияҳо, услубҳо ва ғайра мебошад. Масалан, таълими ҳамгиро, таълими тафриқа, ки бунёд ва асоси кулли пажӯҳишҳоянд, дар таҷрибаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мушоҳида мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






