14 декабр -рӯзи нокомӣ барои ронандагон

Декабрь 16, 2014 10:59

Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-14 декабри соли равон ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш АВ 15-28 РТ 03, Барот Ғафуров, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Бохтар ба самти ноҳияи Ҷиликул дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе- Панҷи поён, дар километри 115-ум, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Румӣ, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, велосипедрон Ҳусейн Муҳсинов, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Ҷ. Румиро пахш намуд. Дар натиҷа велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш TJ 90-14 СР 02, Турақул Маҳмудов, соли таваллудаш 1993, донишҷӯи бахши 1-уми Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Қатаған, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба сутуни бетонӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини мазкур Гулова Фахрӣ Шамсиевна, соли таваллудаш 1966, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Хадамоти матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки худи ҳамон рӯз ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш 41-22 АТ 03, Дилшод Мирзоев, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Қурғонтеппа, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳраки Ганҷобод, шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард Изатулло Салимов, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти Роҳатиро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард Н. Салимов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Дар ҳамин сана-14 декабр ронандаи мошини тамғаи «Хундай-Портер», рақами давлатиаш 30-23 АЕ 08, Файзализода Сунатуллои Сайдалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, дар километри 52-юми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Хафей», рақами давлатиаш 32-86 АС 07, таҳти идораи ронанда Шамсиддин Бобиев, соли таваллудаш 1947, сокини ноҳияи Ҳисор бархӯрдааст.Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Хундай -Портер» Файзализода Сунатуллои Сайдалӣ ва мусофири мошини мазкур Гулизор Сайфуддинова, соли таваллудаш 1981, инчунин мусофирони мошини «Хафей»: Исмоил Хоҷаев, соли таваллудаш 1986, Моҳинав Нурова, соли таваллудаш 1987, Сафармоҳ Бобиева, соли таваллудаш 1982 ва Нигина Шарифова, соли таваллудаш 1999, сокинони ноҳияи Ҳисор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Декабрь 16, 2014 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд