30 идрори сафорати Ҳиндустон барои донишҷӯён

Декабрь 29, 2014 16:38

 
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Намояндагони сафорати Ҳиндустон Касум Лата Яда,   котиби дуюми соҳаи маориф  ва Гопал Салем, ассистенти бахши мазкур ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров омада, барномаҳои худро ба муҳассилини донишгоҳ муаррифӣ намуданд. Дар ин бора ба мо мутахасиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии  донишгоҳ Ҷамшед Истамқулов иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки номбурдагон зимни ташриф ба донишгоҳ барномаи идрории   дарозмуддати ICCR  The  Indian Culture Centre Сoordinate  Маркази  ҳамоҳангсозии фарҳангии Ҳиндустонро муаррифӣ намуданд, ки дар он зиёда аз 80 нафар муҳассил, аз қабили бакалаврону магистрантон, унвонҷӯёну аспирантон ва устодони факултетҳои гуногуни донишгоҳ ширкат варзиданд. 
Гуфта шуд, ки барнома аз ду то панҷ сол ғолибонро дар зинаҳои бакалавриату магистратура ва аспирантура бо идрори ҳармоҳа, ки 300 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,  таъмин менамояд. Ҳамчунин барнома чиптаи тайёраро аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон ва бозгаштро танҳо як маротиба ба зиммаи худ гирифтааст. 
Дар давоми ду рӯзи корӣ аз довталабон нахуст имтиҳони хаттӣ гирифтанд, ки дар он қариб 70 нафар иштирок намуд ва рӯзи дигар суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 30 нафар иштирок кард. Гопал С. зимни суҳбат гуфт, ки натиҷаи суҳбат ва хулосаи ниҳоиву ғолибонро то 15-уми январи соли 2015 ба Раёсати донишгоҳ ифшо менамоянд. Гузашта аз ин, ба ғолибон расман номаи табрикоту даъватнома ирсол намуда, онҳоро ба сафоратхона даъват намуда, ҳуҷҷатҳои лозимиро то моҳи июн омода намуда, моҳи августи соли 2015  ғолибонро сафарбар менамоянд. 
 
 

Декабрь 29, 2014 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд