А. Қодирӣ: Мактаби вилоятии футбол таъсис мешавад

Декабрь 30, 2014 11:14

Душанбе, 30.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Мавсими имсолаи чемпионати миллии мамлакат оид ба футбол байни  дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар чемпионати мазкур дастаи «Хуҷанд» — и Хуҷанд бо гирифтани 32 имтиёз мақоми чорумро ишғол кард.
Бо мақсади баррасии фаъолият, бурду бохт ва тарҳрезии нақшаҳо дар мавсими навбатӣ 29 декабр мулоқоти раиси вилояти Суғд бо ҳайати клуби футболи «Хуҷанд» баргузор гашт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят бо роҳбарият ва ҳайати дастаи «Хуҷанд» — и Хуҷанд мулоқот намуд, ки ҳадафи он шиносоии наздик бо фаъолият ва бурду бохти даста дар мавсими имсолаи чемпионати мамлакат буд.
Раиси вилоят зикр дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат баҳри дастгирии намудҳои гуногуни варзиш, хосса футбол тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Таъкид гардид, ки барои ҳунарнамоии хуби футболбозон шароити лозимӣ фароҳам оварда шуд. Новобаста ба ин,  ҳунарнамоии футболбозони даста ва сазовор гаштан ба мақоми чорум ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Вобаста ба бартараф намудани мушкилоту муаммои ҷойдошта ва дар оянда ноил гаштан ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ мулоқоти ошкорои роҳбари вилоят бо бозингарону мураббиён, мухлисон ва собиқадорони соҳа ба вуқӯъ пайваст.
Бо мақсади мустаҳкам намудани фаъолияти минбаъдаи даста, дар ҳайати роҳбарикунандаи он тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуда, ба вазифаи директори даста  номзадии Рустам Марофиев пешниҳод гардид. Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки дар давоми соли оянда бо мақсади ривоҷи футбол дар вилоят мактаби вилоятии футбол таъсис  мешавад, ки баҳри тарбияи варзишгарони бомаҳорат хизмат хоҳад кард.

Декабрь 30, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад