Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард

Декабрь 22, 2014 13:38

Душанбе,  22.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Покизаи  Шодмон).- Аз  моҳи  январ то  моҳи ноябри  соли равон  дар  кишвар  ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти  саноати  коркард 6024  миллион  сомониро  ташкил дод. 
Мувофиқи  маълумоти  Агентии  омори   назди Президенти  ҶТ, индекси  истеҳсоли  маҳсулоти саноати  коркард  баробари 9  фоиз  афзудааст.
Ҳамзамон  тайи  давраи  гузашта  дар  кишвар ҳаҷми  истеҳсоли  маводи  ғизоӣ 6,2  фоиз, равғани растанӣ 2,9  фоиз ва  арақ 8  фоиз  коҳиш  ёфта,   истеҳсоли  чарму маснуоти  чармин 1,1  фоиз  ва пойафзол 1,2  фоиз кам  гардид. 
Мувофиқи  маълумоти  оморӣ, аз  моҳи январ  то моҳи  ноябри  соли  равон  истеҳсоли  маҳсулоти нафт  14,3  фоиз зиёд  гардида,  дар  ҳамин  давра истеҳсоли  маҳсулоти  ғайрифулузотӣ ва  минералӣ 2,4  баробар афзудааст. 

Декабрь 22, 2014 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид