«АксесБонк» меъёрҳои фоизи қарзҳои хурдро паст намуд

Декабрь 22, 2014 09:43

Душанбе, 22.12.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» иқдоми солинавии пастшавии меъёрҳои фоизро барои қарзҳои хурд бо доллари ИМА то 5 фоиз эълон намуд.
Тавре ки дар ин бора аз бонки мазкур хабар доданд, ин иқдом барои мизоҷоне амал мекунад, ки аз 19 декабри соли 2014 то 31 январи соли 2015 барои гирифтани қарз ба бонк муроҷиат мекунанд.
Гуфта мешавад мизоҷони «АксесБонк» имконияти гирифтани қарзҳоро дар муддати кӯтоҳ, бо фоизҳои муфид аз 25% то 31% -и солона доранд. 
Ёдрас мешавем, ки қарзҳои хурди «АксесБонк» дорои шартҳои судманд буда, талаботи калонро байни соҳибкорони Тоҷикистон пайдо намудаанд, ки барои беҳбуди онҳо мутахассисони бонк сифати хизматгузориро рӯз аз рӯз баланд менамоянд ва навъҳои хизматрасониҳои дастрасро васеъ мекунанд.
 

Декабрь 22, 2014 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад