Анҷоми машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ

Декабрь 13, 2014 10:34

 
Хуҷанд, 13.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Аз 9 то 11-уми декабри соли ҷорӣ дар ҳудуди гарнизони суғдии шимоли кишвар  машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ доир шуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулини  гарнизони Суғд иттилоъ доданд, дар машқҳои мазкур, ки бо ҷалби раисони шаҳру навоҳӣ, комиссарони ҳарбӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва роҳбарони ҳолатҳои фавқулодаи  ин минтақаҳо, масъулини раёсату шуъба ва ташкилотҳои вилоятӣ  ҷараён гирифт, бевосита раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо иштирок намуданд.
Зимни ошноӣ бо  шароити омӯзишӣ шахсони масъул А.Қодирӣ ва Ш. Мирзо ба ҷараёни баргузории ин машқҳо баҳои баланд доданд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни машкхо зимни баргузории ҷамъомади мудофиавӣ, ки дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони Суғд баргузор гаштанд, нахуст аз тариқи назариявӣ бо вазифаҳои фардии худ ошно шуда, баъдан бо тарзи дурусти истифодаи техникаву аслиҳаҳои гуногуни ҷангӣ шиносоӣ пайдо намуданд.  Зимни машқҳои омӯзишӣ ба ҳамаи иштирокчиён, инчунин  нозукиҳои ҳарбу зарб, истифодаи дуруст ва самараноки яроқу аслиҳаҳои гуногуни ҳарбӣ пешкаш гардида, ҳозирин бевосита донишҳои азбарнамудаи хешро дар амал татбиқ намуданд.

 

Декабрь 13, 2014 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид