Арчаи 20 метра бо усули муосир дар Хуҷанд

Декабрь 8, 2014 11:27

Душaнбе, 8.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- То 15 декабр корҳои омодагӣ ва ороишии арчаи солинавӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба итмом расонда шуда, барои сокинону меҳмонони маркази вилоят барномаҳои фарҳангӣ пешкаш мешаванд.
Дар асоси нақшаи таҳиягашта нахустин шуда озмун-фестивали солинавӣ байни 7 муассисаи таълимии олӣ ва миёнаи махсус  доир мегардад. Ин муассисаҳо бояд барномаи ҷолиби силинавии фарҳангӣ омода намуда, манзури ҳаводорон ва ҳакамон намоянд. Баъдан аз 24 декабр  ҳунарнамоии дастаҳои ҳунарӣ, санъаткорони шинохтаи шаҳру вилоят дар назди тамошобинон пешбинӣ гардидааст.
Барномаи калони консерти солинавии ниҳоӣ ва маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмун-фестивал шоми 31 декабр дар пояи арчаи солинавии майдони «Ситораҳои Хуҷанд» баргузор мегардад. Аз 15 декабр дар назди тамоми корхонаю муассисаҳо новобаста аз шакли моликият арчаи солинавӣ гузошта оро дода мешавад.
Арчаи марказии солинавии имсола 20 метр баландӣ дошта, бо усули хосаи муосир оро дода мешавад.

Декабрь 8, 2014 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид