Ба 62 нафар донишҷў иҷозати вуруд ба Русия дода шуд

Декабрь 24, 2014 11:52

Душанбе, 24.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бино ба иттилои сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират  Дустмурод Умбаров, дар соли 2014 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 66 ҳазору 587 нафар шаҳрванд бо дархост муроҷиат кардааст. 
Аз шумораи умумӣ  9509 нафар шифоҳӣ, 789  нафар хаттӣ ва 6289 нафар аз тариқи телефони боварӣ муроҷиат намудааст. Аз ин теъдод 62440 нафарашро мард ва 4147 нафарашро зан ташкил медиҳад.
«Бояд гуфт, ки ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия 11 ҳазору 863 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рўйхати мамнўъшудагон дар махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд»,-гуфт Д. Умбаров..
Дар ин давра аз ҷониби Раёсат рўйхати 140 нафар донишҷў ва 496 нафар шаҳрванд ба унвони Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мактуби расмӣ ирсол гардид.
Аз теъдоди 140 нафар донишҷў ба 62 нафари он барои ворид гардидан ба ҳудуди Федератсияи Русия иҷозат дода шуда, иҷозати 78 нафари дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Ду нафар шаҳрванди дигар низ оид ба якҷояшавии оила иҷозати дубора гирифт.
 
 

Декабрь 24, 2014 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид