“Ба сўи орзуҳо бо Роҳи Бузурги Абрешим”

Декабрь 5, 2014 16:19

 
Душанбе, 03.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- “Ба сўи орзуҳо бо Роҳи Бузурги Абрешим”-таҳти чунин унвон аз 17-ум то 28-уми ноябри соли равон вохӯрии дӯстонаи лидерони ҷавони давлатҳои АвруОсиё  дар Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур беш аз 50 нафар ҷавонон ва мутахассисони соҳа аз кишварҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Озарбойҷон доир ба мавзӯи мазкур маърӯзайнамуданд. 
Дар мулоқоти мазкур ҳаиатҳои кишварҳои иштирокчӣ, ки дар баробари дастуру таҳрезиҳо ва чӣ гуна ба роҳ мондани “Роҳи абрешим” дар кишварҳои АвруОсиё, ҳамчунин аз фаъолият ва сиёсати бахшҳои Федератсияи умумичинии ҷавонон дар шаҳрҳои Сиан, музофоти Шэнсии ноҳияи мухтори Ненсия-Хуэй ва шаҳри Синзиани вилояти Мухтори Уйғурии Шинҷон низ дидору мулоқотҳо доир намуданд. Инчунин зимни сафари хеш аз якчанд корхонаи калони саноатию истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои мазкур, ки ба кишварҳои Осиё содирот доранд, дидан намуданд. 
Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳо 7 нафар мутахассиси соҳа намояндагӣ мекард ва онҳо маърӯзаҳои худро барои хуб ба роҳ мондани роҳи мазкур пешниҳод карданд. Ҳамчунин ҳайатҳои иштирокчӣ аз донишгоҳи хусусии Пэйхуа, Донишгоҳи байналмилалии омўзгории Шинҷон дидан намуданд ва бо донишҷӯён мулоқоти ошкоро намуданд. Ҳайати кишвар зимни сафари хеш бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин таҳсил доранд, мулоқот карданд. 

 
 
 
 
 

Декабрь 5, 2014 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад