Барқияи шодбошии Э. Раҳмон ба Н. Назарбоев
Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Муҳтарам Нурсултон Абишевич,Табрикоти самимии маро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Қазоқистон -Рӯзи истиқлолият қабул намоед.Барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Қазоқистон ҳамчун як ҷузъи асосии афзалиятноки сиёсати берунӣ ҳамеша боқӣ мемонанд. Мо барои рушди рӯзафзуни он ҳавасмандем ва омодаем барои дар амал татбиқ намудани иқтидори бузург ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилае, ки кишварҳоямон соҳибанд, тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем. Мехоҳам изҳори умед кунам, ки мо тавассути кӯшишҳои муштарак метавонем он бойигарии бебаҳоеро, ки аз гузаштагонамон ба мерос гирифтаем, боз ҳам ғанитар гардонем.Ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич, саломатии бардавом ва барои шукуфоии мамлакат расидан ба мақсадҳои пешбинишударо хоҳонам ва ба мардуми бародари Қазоқистон-беҳбудӣ ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






